top of page
Ҳадафҳои мо
Пешрафт як созмони ҷамъиятӣ, хайрия ва ғайритиҷоратист, ки рисолати он сармоягузорӣ ба нерӯи инсонии кишвар аст. Мо боварии комил дорем, ки ин сармоягузориҳо устувортарин барои рушди ҷомеаи мо мебошанд.
Лоиҳаҳое, ки ОБО "Пешрафт" амалӣ мекунанд, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонони Тоҷикистон тавассути расонидани кӯмак ба кӯдакони болаёқат ва меҳнатдӯст аз оилаҳои камбизоат равона карда шудаанд.
Мо ҷавонони боистеъдод, меҳнатдӯстро меҷӯем ва мекӯшем, ки ба онҳо имкониятҳо фароҳам орем, ки эҳтимолан ҳаёти онҳоро ба куллӣ беҳтар кунанд! Мо ба потенсиали инсонии кишварамон бовар дорем ва рисолати худро барои такмил додани системаи маорифи Тоҷикистон мебинем.
Таҳсилоти босифат
Мусоидат ба рушди нерӯи ҷавонон
Хайрия
bottom of page